Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Забони точики(китоб).docx
Скачиваний:
2028
Добавлен:
09.11.2019
Размер:
1.47 Mб
Скачать

§ 467. Вазифаи синтаксисии сифатхои феълии замони хозира-оян­да, муайянкунанда мебошад:

Мехохам чизхои намедонистагиамро ёд гирам (Улутзода). Хучраи ба 15 хазор танга меарзидагиашро ба 12 хазор тан га фурухтааст (Ай­нй). Камбагалони он кишлок, ки аз хуручи ба наздикй мешудагии босмачиён хабар ёфтаанд, ба кишлокхон атроф кас фиристода ин ахволро фахмидаанд (Айнй). Баъд ба чои мехостагиатон меравед (Рахим Чалил). Ман ягон усули нави шумо намедонистагиро кор на- мефармоям (Улугзода).

Сифатхои феълии замони хозира-оянда ба вазифаи муайянкунан­да пеш аз муайяншаванда хам меоянд: Ин ходиса бештар хосияти гуфтугуй дорад:

Дар он чо шуморо мешинохтагй одамхо бисьёр будаанд (Улут­зода). Ба пул мерафтаги чпзаш хам намонда буд (Айнй). Бо ин мис- ро-ну зогнул то ба як иморат мерасидагй сайг меканию сайг метаро- шй, ки дарахти умрат хазон мешавад (Рахим Чалил). Туро мегалтон- дагй пахлавой холо набаромадааст (Улутзода).

Сифатхои феълии замони хозира-оянда ба вазифаи хабар меоянд: Садои мотор канда-канда мебаромадагй шуд (Толис). Сангин дид, ки корн Одина бад мешудагй барин (Айнй).

Сифатхои феълии замони хозира-оянда бо хамрохии феълй ёри­дихандаи «шудан» дар вазифаи хабар ибтидо ва давом кардани амал­ро нишон медиханд:

Модарам дар завод бо руи кушод мегаштаги шуд (Улугзода). Дар фароварди аввалин соли тахсил аксарияти шогирдон хатти чопи- ро мехоидагй шудаид (Улугзода).

Сифатхои феълии замони хозира-оянда ба вазифаи хол низ ме­оянд: Сир бой иадода худи физихаро .пагз медонистагй барин хулоса баровардам (Бахорй).

Азбаски дар сифатхои феълии замони хозира-оянда чихатхои за­монй йа хусусан намудии феъл бештар нигох дошта мешаванд, онхо ба категорияи сифат кариб намегузаранд. Факат хамон сифатхои феълии замони хозира-ояндае, ки хусусиятн доимии предметхоро ифо­да мекунанд, дар натичаи суст гардидани баъзе чихатхои замонй ва намудии худ ба сифатхо наздик мешаванд: Чизи меарзидагй буд-мй (Улугзода).

Баъзе сифатхои феълии замони хозира-оянда монанди дигар шакл­хои сифати феълй ба исм гузашта, аломатхои опро гирифтаанд. Ин ходиса бештар хоси иутки гуфтугуист:

Босмачиён мегирифтагиашонро гирифтанду баъд дар миёни хавлй туб шуда гапзанон карданд (Улугзода). Бадкирдорй ва ёгигй мекар- дагихоро мо ана хамин тавр сазой мекунем (Улугзода).

Сифати феълии замони уозираи муайян

§ 468. Сифати феълии замони хозираи муайян аз шакли якуми сифати феълии замони гузаштаи феълй асосй ва сифати феьлии гу­заштаи феълй ёридихандаи «истодан» сохта мешавад: омада истода, хонда истодагй, рафта истода гй, тулуъ карда истода ва монанди ин- хо.

Сифати феълии замони хозираи муайян низ ду шакл дорад: а) шак­ли якум бо -а: машинаи омада истода, бачагоии гуш карда истода ва монанди онхо; б) шакли дуюм бо -гй: машинаи омада истодагй, шо- гирдони хонда истодагй ва монанди онхо.

Сифати феълии замони хозираи муайян дар хамин хангом вокеъ шуда истодами амалу холатро ифода менамояд ва бо феъл-хабари чумла дар як замон вокеъ мешавад:

Гардами дарози асп синаи харссидаистодаи ин чанговари пуркор- ро папах кард (Хаким Карим). Бо фармони Рузимурод аз дунболи босмачиёни гурехта рафта истодагй тир андохтанд (Айнй). Халки то­чик дар бораи Ленин, дар бораи муборизахои бузурги барои комму­низм бурда шуда истодагй намунахои нави дурахшони достонхои эии- кии худро мгофарад (Намунахои адабиёти точик). Чобири савор кам- чин дар даст як туда писарбача ва духтарбачагони аз алафчинй омадаистодаро сур мекунад (Улутзода).

Сифатхои феълии замони гузашта бо феълхои ёридихандаи «гаш­тан», «истодан», «нишастан», «хобидан» амали бо феълхои таорифй дар як замон вокеъшавандаро низ ифода карда метавонанд. Ин хо­диса бештар хусусиятн гуфтугуй дорад: хонда гаштагй, кор карда /пишастагй ва монанди инхо:

Хо-о хамон мардаки дар миёнан замин каланд зада гаштагй— Косим бои мо (Толис). Аз куча овозй бачахои бозй карда гаштагй, хониши радио ва гуррос зада гузаштани автомобильхо ба гуш мера- сид (Икромй). Пахтахои ба руи суфа пароканда шуда хобидаро ба он чо чой карда!! гирифтанд (Айнй).

Шаклхои сифатхои феълии замони гузаштаи феълхои «истодан», «гаштан», «нишастан», «хобидаи», ва «доштан» зохиран гузашта бошанд хам, замони хозираро мефахмонанд ва амали бо хабар дар як замон вокеъгардидаро ифода мекунанд:

Хов, хамон чавони дар гушаи хона нишастагй набераи ман аст (Рахим Чалил). Рафпкони маълумоти олй доштагй дар гурухи ало- хида тахснл мекунанд («Точикистони сурх»), Барои чй шумо гусолаи ором истодагнро мезанед (Латифахо). Одамони дар болои бом исто­да сатилу машкхоро аз дасти обкашхо ба бом кашида бароварда, ба тарафи оташ мепошиданд (Айнй). Чавони дар поён нишаста чойро дам кард (Айнй). 3ofohh дар шохи садахо нишаста аз гудоки автобус тарсида ба хаво париданд (Улугзода).

§ 469. Сифатхои феълии хозираи муайян гузаранда (бароварда истода, духта истодагй, навохта истода, гуфта истода) ва монда (ги­рифта истода, ларзида истода, тайёр шудаистода, баромада истод?, шорида истода, гурехта истодагй) мешаванд.

Сифатхои феълии замони хозираи муайяни гузаранда амалеро мефахмонанд, ки ба объект бевосита равона мешавад:

Холаи чома духта истодагй аз паси айпак ба писарчааш нига- рист (Толис). Аз дур суруди духтарони авгур чидаистода ба гуш мера- сид («Точикистони советй»),

Сифатхои феълии замони хозираи муайяни монда факат амалу холат ё харакати субъектро ифода мекунанд ва пуркунандаи бевоси- таро гирифта наметавонанд:

Танхо чашмони навакак бо андухи бепоён гиристаистодаи худро бо остин пок карда, ба он одам табассумкунон менигаристам (Айнй). Дар шуълаи сухтору таркишхои тир май хуни аз сари у шоридаисто- даро дидам (Рахим Чалил). К,анд ба бадани аз сардй ларзидаистодап у гармй дод (Айнй). Аз таркиши дар ахволи дар берун руй додаисто- даро мушохида памуд (Хаким Карим).