Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Забони точики(китоб).docx
Скачиваний:
2046
Добавлен:
09.11.2019
Размер:
1.47 Mб
Скачать

§ 310. Сифатхое, ки чузъхояшон аз хам чудо навишта мешаванд, таркиби ном доранд. Сифатхои таркиби бо чанд рох сохта мешаванд.

  1. Аз такрори хиссаи иомии нутк ва пешояндхои аслй: а) пешоян- ди ба. хонахои дарун ба дарун, иморатхои кабат ба кабат, амалхои тоза ба тоза, барфи тах ба тах: Дар амонаткасса пул хам дорам, кур- тахои шохии кабат ба кабат хам дорам!... — гуён Фотима чавоб дод (Айнй). У барои хар хумдон ба Усто-амак супорнш дода, накшахои то­за ба тоза мегирифт (Айнй). Хох он сабзу хуррам, пури долу дарахт бошад ва хох дар зери яху барфи тах ба таху тармахои овезон... (Улуг­зода); б) пешоянди дар (андар: муаммахои печ дар печ, гурезагихон пай дар пай, хонаи андармиён.

  2. Аз сифатхои мураккаб бо рохи ба чузъи асосии онхо илова на­мудани калимаи эзохдиханда: духтари ордендор (мураккаб) — ордени лениндор (таркиби), бачаи пальтопуш (мураккаб) — пальтои чармин- пуш (таркиби).

  3. Як гурух сифатхои мазкурро таркибхон изофй ташкил мекунанд. Дар ин гуна нборахо мустакилни маъно ва алокаи пзофии калимахо суст шуда, аз мачмуи онхо маъной нав фахмида мсшавад: хариди кам- харчи болонишин, тупии гули бодом, одами байни мардум, хавои ро- хати чон.

СИФАТХОИ УМУМИЧУЗЪ

§ 311. Дар забони точикй хелн днгари сифатхои таркиби дида ме­шавад, ки аз ду калимаи синоними ё мазмунан наздик иборат буда, яке аз онхо м ффемап сифатсозеро к.оул меиямоял. Манс>фи чуьин сифат­хо ба хар ду чузъ баробар тааллук дошта, дар натича таркиби сифати Хамчузъ ташкил мешавад. Вазифан муттахидкуннро дар ин кабил си­фатхо префикс, суффикс ва ё морфемахои мустакилмаъно адо меку­нанд. Аз руи тарзи ташкил сифатхои мазкур ба ду гурух таксим меша­ванд: а) сифатхои сохтаи умумичузъ ва б) сифатхои мураккаби умумн- чузъ.

    1. Сифатхои сохтаи умумичузъ бо аффиисхои зерин сохта меша­ванд: а) бо префиксхон -ба-, -бо-: умарои боаму дониш, чавони бахус- ну чамол; б) бо префикси бе-: бечорагони бекасу куй, бекилу кол, кам- багалони бечизу чора, насрхои бесару бун; в) бо суффикси -нок; марди ришу фашнок.

    2. Чузъи умумии сифатхои мураккаб бо морфемахои маънодори зерин меояд: а) морфеман хуш- чавони хушкаду бает, одами хушка- ду комат, шахси хушхату савод:

Шокирчон чавони хушруй ва хушкаду бает буд, касе ки уро ме- дид, «боз як бори дигар бипам» мегуфт (Хаким Карим). ...ана хамин чавони хушкаду коматро ман калон кардагй (Толис); б) морфемаи пур-: духтари пурнозу нуз, садои пуртарсу ларз, суханони пурсузу гу- доз, гилеми пурнакшу нигор, рохи пурхаму печ: Аз ду барн рох то до- мани талхои дур киштзорхо ва богхои сабз гилеми пурнакшу нигори худро густурдаанд (Улугзода). Давлат факат хамин дафъа гуё донист, ки аз зинапояи фуромад, то чои кори у рохест басе дароз, пурхаму печ ва барои шитобкунанда нобоб (Рахим Чалил); в) морфемаи сер-; чой- хои серобу дарахт, хонаи серчизу чора.

Ба вазифаи ин гуна морфемахо феълхо ва сифатхои феълй низ ме­оянд: одамони айбу иснодгир, чои барфу боронгузар, духтари нозу нуз- дор, шипангхои накшу нигордор, пахтан хасу хошокомехта. ...ба пахтай хасу хошокомехта, ки дар доманаш буд, даст зада бозй карда дар як чо менишаст (Айнй). У мегуяд, ки... -чормагзе гуё дар гулуи Давлати хушу амбохта дармонда буд... (Рахим Чалил).

ШУМОРА

МАЪЛУМОТИ УМУМЙ

§ 312. Шумора хиссаи иомии нутк буда, микдор ва тартиби пред­метро ифода менамояд ва ададхоро номбар мекунад. Шумора ба са- волхои чй кадар ва чандум чавоб мешавад. Дар иборахои чахор ки­тоб ва 425 рузи мехнат ададхои «4» ва «425» микдори предметхоро ме­фахмонанд. Дар ифодахои математикии «ду кара ду—чахор», «шашу хашт — чахордах» шуморахон ду, чахор, шаш, хашт, чахордах адад­хоро ифода мекунанд. Дар иборахои курси сеюм, хонаи раками хаштум калимахои сеюм ва хаштум тартиби шумори предметхоро мефахмонанд.

Дар забони точикй калнмахое низ хастанд, ки ададхоро ифода на- 'кунанд хам, як андоза микдори предметхоро мефахмонанд. Ин кабил калимахо хиссахои гуногуни нутк шуда метавонанд. Масалан, дар ифо­дахои аксарият розй, акаллияти шумо, калимахои аксарият, акаллият мнкдорро мефахмонанд, вале онхо шумора не, балки нем мебошанд ва ба саволй кй?, кихо? чавоб мешаванд.

Калимахои чанд, хамон кадар, ки чонишин мебошанд, дар иборахои чанд китоб, хамон кадар китоб низ микдори предметро ифода меку­нанд. Зарфхои андак, бисьёр ва гайра низ микдори предметро фахмо- нида метавонанд. Бо вучуди ин калимахои мазкур шумора шуда наме- тавонанд, зеро, чунон ки дар таърифн шумора гуфта шудааст, шумора аз адад ба вучуд меояд, микдор ва тартиби предметро бо адад ифода мекунад.

Дар забони точикй калимахои адади, яъне аз адад ба вучудомада хам хастанд, аммо онхо ба сабаби он ки шумораро ифода намекунанд, ба ин хиссаи нутк дохил намешаванд. .Масалан: «ду-ду», «дутой», «се- тон», «ягон-ягон» (зарф). Ин калимахо зохиран мнкдорро ифода на- моянд хам, ба шумора танхо аз чихати калимасозй роблта дошта, на микдори предмет, балки тарзи вокеъ гардидани амалро мефахмонанд.

Дар чумлахои «Дилором аз фанни забони модари имруз панч гн- рифт», «Зафарчои, раками чорро равшаптар иависед» калимахои панч ва чор шумора набуда, балки исм мебошанд, онхо мафхуми предметн гнрифтаанд, бинобар ин алохида истифода мешаванд. Шумо­ра бошад аломати мнкдорнн предметхои хамчинеро бо адад мефахмо­над. Микдор бе предмет вучуд надорад.

[ Шуморахо махсулн даврахои дуру дарози хаётн ннсонй мебошанд. Онхо дар даврахои бисьёр кадим мутобикн эхтиёчи чамъиятй пайдо шудаанд. Пайдоиш ва такомули шумора ва ба дарачаи имруза расида­ни он ба пайдоишу такомулот ва тараккиёти тасаввуроти адад дар гу- заштагони мо ва ёд гнрифтани тарзи шумори онхо вобаста мебошад.

Мафхуми адад ва шумур дар худи зиндагонии нчтимоии ннсон пайдо шуда, дар майнаи он инъикос ёфтааст. Ба нборати дигар, маф­хуми адад ва шумориш ба майнаи одамон аз хаёт даромадаает. Оид ба ин масъала Ф. Энгельс гуфтааст: «Мафхумхои адад ва фигуряхо аз ким-кучое не, балки аз худи дуньёи вокей гирифта шудаанд. Дах ан- гушт, ки одамон бо онхо шумурдан, яъне нахустин амалиётн арифметик киро меомухтаанд, хар чи хам бошад, факат махсули озодн акл наме- бошад».

Хамаи калимахое, ки шумораро дар бар мегиранд, калимахои мус- такилмаъно мебошанд. Аммо дар забони хозираи мо онхо хеле мучар- рад пуда рафтааид. Масалан, ададхо ба мо дар бораи микдор танхо мафхумхои умумиро мефахмонанду бас. То ба онхо исми предметхоро хамрох накунем (чунончи, дах калам, бист сол, шаш хонанда) ададхо, аз чумла ададхои дах, бист, шаш дар иборахои мазкур маънии конкрет намегиранд. Умуман, мафхумхои мучаррад, аз чумла мафхуми адад, меваи замони чандинасра мебошанд.

Хамин тавр, шумора ва амали шумур ба мавчудияти предмет ва тачрибан хаётии инсон алокаманд мебошад. Ф. Энгельс навиштааст: «Барои шумурдан на танхо мавчуд будани чизхои шумурдашавапда, инчунин хангоми муоииаи ин чнзхо истеъдоде лозим аст, ки аз хамаи хусусиятхон онхо дур шуда тавонад. Ин истеъдод бо!над, натичаи та- раккин таърихне мебошад, ки ба тачрибаи дуру дарозе такья мекунад».

Микдори шумора мисли хама гуна забонхо дар забонн точикй низ зиёд нест. Шуморахо ба ном бурдани микдори бехади ададхо кодир бо- шанд хам, аз дигар хнссахои нутк бо он фарк мекунанд, ки хусусияти такроршанй па даврзанн доранд ва ба ин воснта калимахои микдоран кам вазифаи хеле бузургро ба чо меоранд. Дарвокеъ, хамаи шумора- хои то миллиардро (999 999 999) бо 21 калимаи решагй (як, ду, се, ча- хор, панч, шаш, хафт, хашт, нух, дах, бист, ей, чнхил, нанчох, шаст, хафтод, хаштод, навад, сад, хазор, миллион) ифода кардан мумкин аст.

Эзо\: Баъзе аз ин калимахо, масалан, калимахои як, бист, хафтод, миллион аслан решагй нестанд. Аммо калимахои решагй набуданн оихо акнун хис карда на­мешавад. Калимаи миллион каме пештар аз революция ба забони мо гузаштааст.

Шумора дар забоин точикй аломатхои морфологии зиёд надорад. Хусусиятхон синтаксисин вай нисбатан бартарй дорад. Шумора дар чумла муайянкунанда шуда меояд: панч чилд китоб.

ХЕЛХОИ ШУМОРА

Шуморахо ба ду гурухи калон таксим мешаванд: шуморахои мик- дорй ва шуморахои тартибй.

ШУМОРЛИ МИКДОРП