Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Забони точики(китоб).docx
Скачиваний:
2046
Добавлен:
09.11.2019
Размер:
1.47 Mб
Скачать

§ 397. Замони гузаштаи дури наклй аз феълй хол (сифати феъ­лии замони гузашта бо суффикси (-а) ва шакли феълй будан сохта мешавад. Тасрифаш:

Танхо Чамъ

            1. ман рафта будаам 1. мо рафта будаем

            2. ту рафта будай 2. шумо рафта будаед

            3. вай рафта будааст 3. онхо рафта будаанд

Шакли гузаштаи дури наклй хам монандй гузаштаи дур амале- ро мефахмонад, ки пеш аз руй додани амали дигар вокеъ шуда ан- чом ёфтааст ва натичааш низ аён аст. Ин шакл хам дар наклй маз- муни сухани дигарон ва хам дар хулосабарории мантикй кор фарму- да мешавад. Ба кадом маънй омадани он дар матн муайян мегардад:

Падарам хату савод дошта, дар вактхои чавониаш чанд сол дар мадрасахои Бухоро истикомат карда будааст. Мадрасаи Олимчон дар аввал барои Мадраса бино карда нашуда будааст (Айнй). Хамон шаб бо максади гарнизонро пахш кардан чандсадто босмачиён омада буданд (Хаким Карим). Хайрият, ки дадем хобида будаанд (Икро­мй). Раиси физкультурачихо марди дехконро аз калонхои колхозаш махсусан талабида оварда будааст, ки кори Ахмадбекро имруз то бегох давом дихад (Мухаммадиев).

Замони гузаштаи дури давомдор (муайян)

§ 398. Замони гузаштаи дури давомдор (муайян) аз шакли феъ­лй холи (сифати феълии) асосй ва шакли гузаштаи дури феълй ёри­дихандаи истодан таркиб меёбад. Дар ин гуна таркиб феълй ёриди хандаи истодан маънии давомнокии амал, ёридихандаи будан гузаш­таи дурро мефахмонад. Тасрифаш чунин аст:

Танхо Чамъ

              1. мал дида истода будам 1. мо дида истода будем,

              2. ту дида истода будй 2. шумо дида истода будед

              3. у дида истода буд 3. онхо дида истода буданд

Шакли гузаштаи дури давомдор (муайян) одатан амали гузаш- таеро мефахмонад, ки то вукуи амали дигари замони гузашта чараён дошта, дар айнй давоми он амали дигар содир мешавад. Ба ин маъ- нй ду амалй замони гузашта дар як вак* вокеъ Мегардад. Баъзан ча раёни амалй давомдор бо содир шудани амалй дигар катъ мешавад. Ин маъпихо вобаста бо сохту мазмунй сухан, бо тобишхои чудогона ифода меёбанд.

                1. Дар чумлахои мураккаб, махсусан мураккаби тобеъ, ду амалй дар як вакт вокеъшудае мушохида мешавад, ки гохо вукуи яке боиси катъи дигаре шудааст. Дар ин маврид якбора бурида шудани чараёни амалй аввала бевосита маълум аст:

Бесабрй карда аз хонаи мо рафтй, ман барои ту либос тайёр ку- нонда истода будам (Айнй). Командир хайрон шуда истода буд, ки аз паси одамон Захро баромад (Х,аким Карим). Хола Анбар худ ба худ хандида истода буд, кн аз берун Ойими Шох омада даромад (Ик­роми).

                1. Барои ифодаи катъи амалй дури давомнок амалй дигари замо­ни гузашта зикр наёфта бошад хам, ин маънй умуман тасаввур кар­да мешавад:

Дуруст аст, ки ман ип чо бисьёр чиз ёд гирифта истода будам (Айнй). Коваленко бо як пояш лангида, ба акибаш, суи босмачиёч тирхоликунон ба гарафн баландй баромада истода буд (Хаким Ка рим). Омадани шуморо маътал шуда истода будам (Икромй).

                1. Ин шакли феъл дар холати муайяне давом доштани амалро мефахмонад, ки дар ин холат зикр ё тасаввур кардани амалй дигари замони гузашта шарт нест:

Ман аввалин бор буд, ки дар Бухоро ин гуна одамони зиндадил ва адабиётчиро дида истода будам (Айнй). Як кабза муйхои сафедаш аз таги руймолчаи сурх, ки ба сараш баста буд ва онро ба муносиба­ти кадом иде дастаи пионерони кишлок, ба вай тухфа карда буданд, баромада истода буд. Маълум шуд, ки «КИМ»-чиён дар зарфи 52 руз плани худро аз 100 фоиз зиёда ичро намуда, ...каналро тайёр карда дируз инчониб ба колхозхои хамсояашон ёрй дода истода буданд (Хаким Карим).

                1. Баъзан дар ифодаи маънии грамматикй шакли гузаштаи дури давомдор (муайян) ва гузаштаи хикоягй муродифи хамдигар шу­да метавонанд. Чуноичи, мукоиса шавад:

Ошпаз палавро дам карда истода буд. Котиби ячейка бо ду на­фар колхозчиён ran зада истода буд (Хаким Карим). Рузи серкор ва пур аз ташвиш ба охир мерасид (Икромй).— Рузи серкор ва пур аз ташвиш ба охир расида истода буд.

Гузаштаи дури давомдори (муайяни) нак;лй

§ 399. Замони гузаштаи дури давомдори (муайяни) иаклй аз шакли феълн холи (сифати феълии) феълй асосй ва феълй ёриди­хандаи истодан дар шакли гузаштаи дури наклй ташкил меёбад. Тас- рифаш чунин аст:

Танхо Чамъ

                  1. рафта истода будаам 1. Рафта истода будаем

                  2. рафта истода будай 2. рафта истода будаед

                  3. рафта истода будааст 3. рафта истода будаанд

Ин шакли феъл тобишхои маъноии гузаштаи дури давомдор (му­айян)-ро ба маъной наклй ифода мекунад ва аз ин ру дорой тобиш­хои маъноии шакли наклии феъл мебошад:

Шокул як гургро дидааст, ки як гусфандро кафоннда хурда ис­тода будааст (Айнй). Шумо як асари нав павишта истода будаед. Коргарон ба намоиш тайёрй дида истода будаанд.

Замони гузаштаи эхтимолй