Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Забони точики(китоб).docx
Скачиваний:
2028
Добавлен:
09.11.2019
Размер:
1.47 Mб
Скачать

§ 335. Чонишинхои ишоратии гайриасли микдоран зиёданд. Онхо аз чихати вазифа ба чонишинхои аслй умумият доранд.

  1. \амин. Ин чонишин аз префикси хам- ва чонишини ин сохта шу­да, иредмегхои назднкро таъкидан нишон медихад: ,

Дар аробахонаи олй гайр аз хамин дигар ароба памондааст (Айнй). Ясавул ба хамин мулохизахо хозир аз гирнфта бурдани Гул- нор даст кашид (Айнй).

Дар хамин рох, дар хамин пайкорп у Толнбони нур мешуд бри у

(К а н о а т).

  1. Чонишини хамон аз префикси хам- ва чонишини он сохта шуда, аз руи тобиши масохавй ба чонишини хамин гурухи мутакобнларо таш­кил мекунанд: хамин предметц назднкро ншорат менамояд, вале хамон предмети дурро таъкидан «тлора мекунад:

Музди якчандсола хизматн ман, Аз хамон судхур хамин асп аст

(Турсунзода).

Дар хакикат хам ин об хамон оби барфу боронхо аст (Айнй).

J 66

  1. Чунин. Ин цонишин аз пешоянди чун ва чонишини ин сохта шу­да 6а сифати предметхо ишора мекунад:

Навбати бадаргакунин онхо мерасид, ки ин нуктаи баланди чунин кори мухим ва заруре буд (Рахим Налил).

\

Хеч надиди ту чунин чормагз.

Хеч бад-ин сон ананасхои нагз.

Пас хама иушем, рафнкои шароб,

Бахри чунин одами оличаноб

(T у р су н з ода).

  1. Нонишини чунон аз пешоянди чун ва чонишини он сохта шуда, дарачаи зиёди сифат ва холатро далолат мекунад:^

Инхо масти шароби комьёбихой колхози буданд, аммо чунон мае­те, ки аз комьёбихои худ саргаранг гардиданд (Айнй). Хозир бошад, чунон марди камгапи ботамкин... шудааст, кн тамоман ба иештарааш монандй надорад (Ниёзй).

  1. Инчунин. Ин калима аз се чузъ: ин + чун + ин иборат буда, пред­мети ишораро бештар таъкид мекунад:

...ва инчунин касоне, ки ба cap бурндан махкум шуда бошанд... (Айнй). Амакам 6а талвоса афтод, ман хам инчунин (Улугзода).

  1. Ончунон. Ин чонишин аз се чузъ: он + чун + он таркиб ёфтааст. Вай нисбатаи камистеъмол буда, аломату дарачаи амалро ишора ме­кунад:

Мавчхои рахбастан у

Дар дарунн синаи у окибат гирдоб шуд,—

Ончунон гирдоби хонд,

Ончунон гирдоби дил!

(К, а и о а т).

7. Нонишинхоп мураккаби сечузъаи хамчунин, хамчунон аз рун ва­знфа ва маъно ба чонишинхои чунин, чунон, инчунин муроднф мебо­шанд, аммо ба воситаи ин чонишинхо предмети ишорй бештар таъкид меёбад.

§ 336. Дар забони точикй чонишинхои ишоратии таркибй бисьёр- анд. Ин гуна чонишинхо аз ягой чонишин ва исм таркиб меёбад. Вале на хама чонишинхои ишоратй бо иемхо дар як таркиб омада, чонишин­хои таркибии ишоратй сохта метавонанд. Ин гуна хусусият танхо дар чонишинхои ин, он, хамин, хамон ба назар мерасад.

1. Нонишинхои ишоратии таркибие, ки аз чонишини ин ва исм сох­та шудаанд, аз руи вазнфа ба ду гурух чудо мешаванд:

а) чонишинхои таркибие, ки ба сифату холатн предмет ишора ме­кунанд: ин гуна, ин хел, ин навъ, ин тавр, ин ранг, ин зайл, ин сон.

...хонаводае, ки то имруз ин гуна рузи сахтро надида буд, гамхона шуд (Айнй). Эшони козикалон чаро ба ин гуна нохаккорихои ин одам ran намезаданд? (Айнй). ...ин хел табак чи лозим? (Айнй). ...шумо, туйчнбоши, ин тавр шаккок нашавед! (С. Айнй). ...то ки дигарон ба ин ранг беандешагихо далерй карда натавонанд (Айнй). Худойкул ба бойхон давраи кадим монанд буд, ки боз барои ин зайл якравнхо ятим- ро сахттар чазо медоданд (Сорбон).

Аспхо, одамон дар ин сон шаб Нафасозоду чусту чолоканд

(T у р с у н з о д а).

Эзох,: Чонишини ин сон махсуси назм аст.

б) чонишинхои таркибие, ки микдору а п доза и предмет, аломат па амалро ишора мекунанд: ин кадар, ин дарача:

Карда будй ту масхарабозй — Ин кадар вакт боз бо мани гул (Турсунзода). ...вай ин кадар айшу ишратро аз болои ки мекунад? (Айнй).

    1. Чонишини ишоратии таркибие, ки бо чонишини он ва исм тар- киб ёфтаает: он кадар. Ин чонишин дарачаи аломату амал ва монан- диро ишора мекунад:

Акнун рохи шумо хам он кадар танг ва бадвохима нест (Айнй).

    1. Чонишинхои ишоратии таркибие, ки аз чонишини хамин ва исм таркнб ёфтаанд: хамин кадар, хамин гуна, хамин хел, хамин тавр. Ин чонишинхо микдору дарача ва андозаи предмет ва аломату амалро шпора мекунанд:

Баъд аз хамин кадар саыо кушиш боз ба дил вахму харосро рох додан аз сустии имон меояд (Айнй). Ночор дар чавоб хамин кадар гуф­та тавонист (Айнй). Пай дар пай ана хамин гуна холатро аз сари худ мегузаронад (Айнй). — Х,амин хел шуд, бобо (Улугзода). ...агар хамин тавр гап-гап шудан гирад... (Айнй).

    1. Чонишинхои ишоратии таркибие, ки аз чонишинхои хамон ва нем таркнб ёфтаанд: хамон кадар, хамон зайл, хамон хел. Ин чонишин­хо микдору дарачаи предмет ва аломату амалро ишора мекунанд: ха­мон кадар одам, хамон зайл рафтор кардан ва f.

ЧОНИШИНХОИ ТАЪИНЙ

( § 337. Чонишинхои таъинй предмет ва аломати онро ба таври уму­ми таъин менамоянд. Онхо аслй ва гайриаслй мешаванд.

      1. Чонишинхои таъинии аслй дар замонхои кадим тадрнчан аз ка­лимахои ишоратй чудо шудаанд. Ба ин гурух калимахои хама ва хар дохил мешаванд./

      2. Чонишинхои таъинии гайриаслй дертар ба вучуд омадаанд. Чо­нишинхои хар кй, хар чй, х,ар кадом, хар чанд, хар як ва иборахои чо- ниш»шии хар он кй, хар он чй, хар он кас, хар он чиз, ки аз чихати маъно ба чонишинхои хар кй ва хар чй наздиканд, ба ин гурух дохил мешаванд.

(Чонишини хама. Ин чонишини аслии таъинй маънои чомеъ дошта, пурра фаро гирнфтани чанд предметро ифода мекунад. Вай бандакчонншнн ва суффикси -гй кабул карда, дар шакли хамааш, ха- маамон, хамаатон, хамаашон, хамагй низ меояд:^

Вагарна хамаашро худашон ба ман хикоят мекарданд (Сорбон). Хамаашонро дар як руз гирнфта, ба дор меовезанд (Айнй). Вакте ки он чавон хамаи чашмхоро ба тарафп худ духта ва хамаи гушхоро ба­рон шунндани сабаби ин ходисаи иогахони сихшуда дид... (Айнй). Баъд аз дах дакика хамагй бар тега'п кух буданд (Айни)^

Чонишини хама ду мавкеи истеъмол дорад: пеш аз объекти таъин ва баъд аз он вокеъ мешавад:

На танхо худи ту, балки хамаи касоне, ки аз давлати чаноби олй дар ин чо бо осудагй умр ба cap мебаранд, дузданд (Айнй). Хамаи корхоро чадидон... карда истодааид (Айнй). Ин чавонон хама неку- сиришт, ин духтарон хама поксурат (Айнй). Бошандагонн ин дара хама ба якборагн аз чойхо барчаста... (Айнй).

Чонишини хама гуна низ маънии чомеият дорад: Амир мехост, ки аз хама гуна куввахон моддй ва маънавии кухис- тон... фонда барад (Айнй).

Калимахои тамом ва чумла ба маъно ва вазифаи чонишини таъи­нии хама омада метавонанд:

Дар як шабу руз тамоми заминатро меронад, — гуфт (Айнй). Фа­кат зинда монданат аз тамоми сарвати дуньё зиёдтар аст-(Сорбон).

Ба хату мухри однлонаи худ Кард хушбахт чумла дехконро

(Турсунзода).

^Чон и ш п н п ха р. Ин нонишин пеш аз иемхо омада, иредметхои алохидаро таъии менамояд. Маънои лугавии чонишини хар дар алохн- дагй равшан нест. Вай дар чумла хамеша ба таври адъективи (сифа­ти) истеьмол шуда, ба калимахои маънодор — 6а иемхои танхо вобас­та мешавад. Ин аст, ки кобилиятн гирифтани морфемахон грамматики надорад:

...хар ситорас, ки аксп худро дар ин об меандозад... (Айнй).

Барон хурматн муи сафедаш, Кн хар тораш чу як рохн сафед аст^

(К а н о ат).

Чонишинхои таъинин таркиби аз чонишини таъинии хар, нему шу­мора ва дигар хели чонишинхо, ки предметн таъинро аз ягон чихат му­айян карда, маънои чонишини хар-ро равшан менамоянд, сохта меша­ванд.

Чонишини таъинии хар кй аз чонишинхои таъини ва саволй сохта шуда, нисбат ба шахе истеьмол мешавад ва хусусиятн субстантивй (ис­ми) дорад:

Хар ки гардад агар ба гирдн сарат, Во ба руяш шавад дари дигарат

(Турсунзода).

Рафтани vpo ба шубха, боварй Хар кй мебахшид рамзи дигаре

(К а н о а т).

Чонишини хар чй низ аз чонишини таъини ва саволй сохта шуда, дар чумла нисбат ба гайришахс истифода мешавад. Ин чонишин низ до- рои хусусиятн исм аст:

...ва хар чй дорад, дар ин рох харч карда... (Айнй). ...вагарна хар чй ба саратон ояд, аз чаноби олй гила накунед... (Айнй).

Чонишини таркибии хар як одатан ба таври сифатй (адъективи) истеьмол шуда, аз хусусй маъиою вазифа асосан ба чонишини хама наздик аст:

Медавид он хар тараф бо чустучу — Суи хар як рахгузар оварда ру

(Т у р с у н з о д а).

Баъд дар буньёдкорй халки мо устод шуд, Чои хар як нуктаи он ГЭС-хо буньёд шуд

(К а н о а т).

Чонишинхои таркибии хар хел, хар гуна сифати предметхои таъин- шавандаро далолат мекунанд:

- Хо, хар хел мевахо хает (Айнй). Хар гуна мехнати сиёх бошад, мекунам (Айнй). Лар бораи он хар хел гап.хо пахн мешуд (Улугзода). Ин холатн пурасрор фикру хаёли Сафарро ба хар гуна андешаю муло- хнзахо бурда, чашму кавокхои у аз шиддати диккат ба дард меомад (Ннёзй).

Чонишини хар кадом аз байни иредметхои хамчпне предметн ало­хидаро нишон медихад:

\ар кадом и ин ситорагон мурафшонй мекунанд (Айнй). Дар нуш- ти хар кадоми ин васикахо ишоратхои махсус буд (Айнй).

ЧОНИШИНХОИ НОМУАЙЯНЙ

( § 338. Чонишинхои номуайянй предмет ва аломати онро ба таври умуми ва тахмин нишон медиханд. Ба ин гурух калимахон баъзе, ягон, фалон, кадом, чандин, якчанд, а'ндак, чанде ва монанди ннхо дохнл ме­шаванд./

Чонишинхои ягон ва кадом предметхои номуайянро далолат меку­нанд. Онхо дорой хусусияти сифатанд:

...ясавулоне хастанд, ки як мох боз ягон хизмат нагирифта, хок ле- сида хоб кардаанд... (Айнй). ...ман ягон чизи нав напушидаам ва пу- шиданй хам надорам, ки маро муборакбод гуй (Айнй). — Не, бояд ягон ran бошад... (Сорбон). Не-е, ин чугизанак ягон балоро медо.над... (Сорбон). Кадом руз, ки кадаматро бечо мондй, хамон руз бо дасть- ёрии ин хат туро ба куркозихо ошно хохам кард (Айнй)/

74он и ши н и баъзе чузъи номуайянро аз кулл чудо мекунад}Ин чонишин чун сифат истифода шуда, пеш аз объекти номуайян меояд: ...монанди баъзе занони фаранчипартофтаи мо ба сари худ чомаеро ги- рифта... (Айнй). Баъзе аз инхо гилофи корд медухтанд (Айнй)/

Ба таври субстантивй (исмй) истеъмол шудани чонишини баъзе низ мумкин аст. Дар ин маврид бо суффикси чамъбаидй низ меояд: Едгор... бошандагони он чоро дид: баъзе бо чел, баъзе бо ишкел, баъзе монанди худаш бо челу ишкел хобида буданд (Айнй). Баъзехошон милтики шохдори кадимй доштапд (Айнй). Баъзеи днгарашон... ба поя- шон муза пушида буданд (Айнй).

1 Чонишинхои чанд, чандин ва якчанд микдори номуайянро далолат мекунанд:/

Дар хакикат ман дехконй накардаам, чанд та.ноб кулу шур дорам, ки чорьяккор ё ятим мекорад (Айнй). Бо ин чанд бех сабзй нафсашро ором дод (Айнй). Якчанд бех сабзиро аз замин кашида гирифт (Айнй).

Чонишинхои фалон, бисмадон, фалонй, бисмадонй шахси номуайян­ро нфода мекунанд.

/Дар деха овоза пахн шуд, ки босмачихо фалониро дастгир карда­анд, фалониро тирборон кардаанд, фалониро бо шамшер зада кушта- анд (Улугзода). Гуфтан даркор, ки фалон говаш гови ало ё зард (Ра­хим Чалил). Маърузачй мебонст дар бораи он ran мезад, кн фалонй барон чй, бо кадом сабабхо нагз шудаасту кори бисмадонй бад шуда­аст (Икромй).^

Э з о хэ Як гурух чонншннхои момуайяние хастанд, кн аз хнссачан ким ва чо­нишинхои саволй ва ё хиссачаи ким, чонишини саволй ва нем сохта шудаанд: кнм-кй, ккм-чй, ким-чихо, кнм-кучо, ким-кадом, ким-чй тавр, ким-чй хел, ким-чй гуна. Ин чо­нишинхо хусусияти гуфтугуй доранд. Чонишини ким-ки? шахе, вале чо­нишини ким-чй (кнм-чихо) предметхои гайришахсро нишон медиханд. Чонишинхои ким-чй гуна, ким-чй хел, ким-чй тавр сифати предметхоро далолат мекунанд. Ба во­снтаи чонишини ким-кучо макони номуайян нфода мешавад:

Марачаб ба сахифахои дафтар бахудаю бехуда чашм давонда, баъзан бо к^лам ким-чй аломатхо мегузошт (Ниёзй). Фойтунчй тозиёнаро дар атрофи еараш чарх ме- занонд ва ким-чй гуна овоэхо бароварда, аспхон бардамро ба чорхезгирй водор ме- кард (Рахим Чалил). Ба ким-кадом мачлиси машваратин внлоят рафта буданд (Улуг­зода).

Ким-чихо мегуфт он ширинзабони безабон, Рахбари мо мардн шухе гуфт хамчун «тарчумон»

(Каноат).

Баъди чанднн дакнка дар сари рох Ким-кучои машина вайрон шуд

(Турсунзо д^).

Барон чй вай дар бораи ким-чй тавр як бахти дур, вале имконпазир ишора мекунад (Икромй). Писарат ба ин чо ким-чй хел корд монда рафт... (Улугзода).

Ч()НИШИИ\ОИ МЛН ФИ

339. Чонишинхои манфй дорой маънои ннкори умуми мебошанд.

Дар забони точикй калимаи хеч чонишини манфй ба шумор мера­вад. Хабари чумла бо ин чонишин дар шакли ннкори меояд. Чоннши- ,ни хеч хамчун спфаг истифода мешавад:

Хеч харакати аз одат берун дида намешуд (Айнй). Зуд бош, ки хеч об намондааст^Лйнй).

Чонишини хеч баъзан барои чудо (эмфаза) кардан истеъмол ме­шавад: ...агар ни каеро ба хонаат бари, хеч набошад, як асп савор кар- данат даркор аст (Айни).

Шаклхои таркибии чонишини манфй аз чонишини хеч, чонишинхои саволй ва калимаи як ва ё исм таркиб ёфтаанд: хеч кй, хеч чй, хеч кас, хеч чиз, хеч гуна, хеч кадом, хеч як. Ин чонишинхо хусусияти ба худ хос доранд. Чунончи, хеч кй, хеч кас набудани шахсро далолат меку­нанд, вале таркибхои хеч чй, хеч чиз набудани предметхои гайришахс- ро мефахмонанд. Набудани ягон аломати предметро таркибхои хеч гу­на, хеч хел ифода мекунанд, микдори предметро таркиби хеч як дало­лат мекунад:

Бо сесад танга хеч кас ба сарбозй розй памешавад (Айнй). Дуньё ба пазараш сиёх ва торик шуд, хеч чизро намедид (Айнй). Ба май хеч чиз нашудааст, — гуфт Ёдгор (Айнй). Аммо вай, албатта, хеч чй на- гуфт (Толис). Аз ин вачх ба хотири олй хеч гуна андеша рох наёбад, ки... (Айнй). Чавони андешаманд... хеч як харакати ин духтарро аз на­зар намегурезонид... (Айнй). Табий, хеч кадоми он бандиён дар ин бора лаб намекушоданд (Айнй). Хеч кадоми онхо дастхушк набуданд (Айнй).

ЧОНИШИНХОИ МУШТАРАК

'§ 340. Чонишинхои муштарак 1нахсонеро далолат мекунанд, кн амал дар байни онхо умумй, муштарак аст. Ба ин гурух калимахои як­дигар ва хамдигар дохил мешаванд:

Хар ду хам якдигарро нагз шинохтанд (Хаким Карим). Аммо, ба назари ман хар дуй ин озоди хам аз якдигарашон ширинтар менаму- данд (Айнй). Хамаи онхо байни хамдигар... пайваст шуда буданд (Ниёзй).

БА ЧОНИШИН ГУЗАШТАНИ ХИССАХОИ ДИГАРИ НУТК

/§ 341. Ба чонишин гузаштани дигар калимахо дар забони точикй ходисаи нав аст. Нем ва сифатхои камина, банда, факир, гулом, заиф, кулл, тамом, чумла, мачмуъ ба чонишинхои шахсй ва таъинй гузашта­анд:

Ками„на хам он чо будам (Мухаммадиев). Маълум мешавад, кн мехнати банда барабас меравад (Мухаммадиев). Тамомн одамон аз ин кори ту норозп буданд (Сорбон). Кулли мугамбир-фанхур (Зарб)./

ФЕЪЛ

МАЪЛУМОТИ УМУМЙ

§ 342. Феъл чунин хиссаи мустакилн нутк мебошад, ки амал ва хо- лату вазъиятро хамчун амал мефахмонад ва дорой категорияхои хоси худ мебошад.)Масалан, чунин феълхо амал, кору харакатро ифода ме­кунанд: давидан, омадан, рафтан, хондан, кор кардан, навишта гирнф- тан ва м. инхо:

Як ппрамарди тахминан 80-сола ба гирьяи занонаи надари Гулнор хандаи тамасхуромезе карда гуфт... (Айнй).

Ифодаи холат: истодан, хобидан, сукут кардан, пинак рафтан ва г.:

Гулнор хам бо диккати тамом гуш дод (Айнй). Ман ташна мондам, амакчои, камтар об ёфта дихед (Рахим Налил).

Нфодаи вазъият ва тагьири аломат: сабзндан, доштан, дигар шу- дан ва г.:

Хамаи ин гуфтугухо ба Мнрак сахт мерасид (Икромй). Ин дара, чунон ки аз номаш маълум аст, аз назархо пинхон буда, таихо аз ду та- рафаш: тарафи Саричуй ва Боботоги ду тангно намоён мешавад (Айнй). Ха, мехмон — бародар, ходисахои пурасрор ба сари мо паси хам фаро мераеанд ва мо ёрои мулохиза кардани онхо, сарфахм рафта- ни робитаи байни онхоро надорем (Мухаммадиев).

Ифодаи муносибат (ба каее ё чизе): дуст доштан, иззат кардан, бад дидан ва f.:

Хама ба хамин карор розй шуданд (Икромй). Сабаб и и буд, ки аз нигоххои Арслоналй ба Дарья пай бурда монда, аз у ранчид ва раш- каш омад (Рахим Налил). Гуштин ба чавонон мезебад (Мухаммадиев).

Амал, холат, вазъият ва муносибат бо категорияхои грамматикни зерини феълхо алокамандона ифода меёбад: шахе, шумора, тарз, на- муд, замон ва сига. Инчунин феълхо дорой масдар, асос ва шаклн ин- корй ва хусусиятхон дигар мебошанд.

ШАКЛХОИ ТАСРИФЙ ВА FAHРИТАСРИФИИ ФЕЪЛ

§ 343. Хамаи шаклхои феълй ба ду гурухи калон чудо мешаванд. Гурухи якум феълхои тасрифй ном дорад. Йн гуна феълхо бо бандакхои шахсии феълй ва хабарй тасриф меёбанд. Ба ин гурух феълхои дорой категорняи шахсу шумора, тарз, намуд, замон ва сига дохил меша­ванд ва онхо дар чумла одатан хабар шуда меоянд.

Гурухи дуюмро шаклхои таермфнашавандаи феъл ташкил меди- ханд. Ба ин гурух масдар, сифати феълй ва феълй хол дохил мешавад. Ин гурух баробари сохиб будан ба баъзе категорияхои грамматикни феъл дорой хусусиятхон хиссахон номии нутк хам мебошад. Аз ин чи­хат масдар ва сифати феълиро шаклхои номии феъл низ меноманд. Чунин шаклхои феълй дар чумла ба вазифахои гуногуни синтаксисй меоянд. Ба хамин тарик, дар забони точикй системам мураккаби шакл­хои феълй мавчуд аст, км асосн он аз чор гурухи мазкурн феъл иборат мебошад.

АСОСХОИ ФЕЪЛ