Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Забони точики(китоб).docx
Скачиваний:
2027
Добавлен:
09.11.2019
Размер:
1.47 Mб
Скачать

§ 436. Масдар шакли кутох дорад, ки бо асоси замони гузаштаи феъл шаклан як аст. Масдархои кутох дар яке аз шаклхои феъл ва баъзе таркибхои феълии дигар пас аз калимахои модалй меоянд:

а) Дар шакли таркибии замони ояндаи 'сигаи хабарй: хохам рафт, хохад хонд, хохй шунид, хохем дид;

б) дар таркибхои феълие, ки бо калимахои модалии бояд, шояд, мебояд, боист, мебоист, тавон, метавон сохта шудаанд:

— Оре, ба иттифок чахон метавон гирифт (Айнй). Лайлиро бо чашми Мачнун бояд дид (Зарб.). Илочи вокеа пеш аз вукуъ бояд кард (Зарб.).

Таркибхои мазкур бештар дар назм вомехураид: Камбагалхои ча- хонро муттахид бояд намуд—Нанг бо урдуи истисмор мебоист кард (Лохутй).

Гуфт рассом: аз ту чун тасвир мсбояд кашид?

Гуфтамаш: Дар шуъла як шамшер мебояд кашид.

(Л о х У т й).

Дар таркибхои феълие, ки бо калимахои модалии «даркор», «за- рур», «лозим», «мумкин» сохта шудаанд, шакли пурраи масдар кор фармуда мешавад:

Йн одамро аз Мадраса пеш кардан лозим (Айнй). Бахрро дар пиёла чой додан мумкин нест (Зарб.).

Шакли кутохи масдар дар забон чун исми амал кор фармуда меша­вад: даромади колхоз, баромади офтоб, рафти кор, гашти руз.

Масдар шакли кутохи дигаре низ дорад, ки бо сифати феълии замони гузаштаи якум хамшакл аст. Ин шакли масдар одатан бо феълхои ёридихандаи модалии «тавонистан» .ва «шудан» меояд ва пеш аз феълхои ёридиханда чой мегирад:

Ин мард аз он одамоне набуд, ки пиёда ё савора ба сари ин кух баромада тавонад (Айнй). Офтобро бо доман пушида намешавад (Зарб.)". Нохунро аз гушт чудо карда намешавад (Зарб.).

Гохо бо ин феълхои модалй шакли пурраи масдар хам таркиб месозад:

Ленин ин майли охирини туро Хеч кардан наметавонам адо.

(Турсунзода).

Ин бачагоии бо хам унс гирифтаро тамоман аз якдигарашон чудо карда нишон додан намешавад (Икромй). Албатта, ту нохакко- рии онхоро бо ду шохиди одили мусулмон исбот кардан наметавонй (Айнй).

(Феълй ёридихандаи «гирифтан» бо шакли пурраи масдар таркиб ёфта ибтидо ва давсми амалро ифода мекунад:

Мирнизом хам ба косааш нон пора кардан гирифт (Айнй). Корй- ишкамба ин еуханро гуфта, ба баргаштан му\айё шудан гирифт (Айнй). Баъд аз он ки кишт аз гармии офтоб пажмурда шудан гирифт, як бор об дод (Айнй).

Лгар дар чунин таркибхо феълй модалии «хостаи» ояд, масдар дар шакли пурра кор фармуда мешавад:

У хестан мёхост, аммо наметавонист (Рахим Чалил). Рашидоз ки хакикатаи кор кардан мехост, хамин районро интихоб кард (Икро­мй).

СИФАТИ ФЕЪЛЙ ВА ФЕЪЛИ Х,ОЛ

§ 437. Сифати феълй бо аломатхои морфологй ва синтаксисии худ дорой хам хусусиятхон феълй ва хам сифатист. Бииобар ин си­фати феълй ном гирифтааст. Аммо ба категорияхои асосии феъл сохиб будани сифати феълиро ба иазар гирифта, онро ба гурухи феъл дохил мекунанд ва яке аз шаклхои номии феъл мешуморанд: Ма.н аз колхозчиён шунида будам, ки заминхои бо трактор рондашуда дучанд хосил додаанд (Айнй). Дар ин чо сифати феълии «рондашу­да» замони гузашта, намуди мутлак ва тарзи мафъулй фсълро ифода карда, хусусияти феълй зохир намуда бошад хам, муайянкунандаи исм (заминхо) шуда, монандй сифатхо дар колиби ибораи изофй вокеъ шудааст.

Дар чараёни инкишофи таърихии забони адабии точик чихатхон феълии баъзе сифатхои феълй суст гардида, хусусиятхон нави грам­матикй пайдо кардаанд.