Добавил:
Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
анатомия и физколоид. химия / Лексияи №13 ПКМ.pptx
Скачиваний:
4
Добавлен:
14.10.2023
Размер:
116.58 Кб
Скачать

Лексияи 12. Мањлулњои пайвастањои калонмолекула (ПКМ)

Объекти омўзиши кимиёи коллоидї инчунин мањлулњои пайвастањои калонмолекула мебошад, ки онњоро кўтоњ карда ПКМ меноманд. Ба пайвастањои калонмолекула синфњои гуногуни моддањо, ки массаи молекулавиашон зиёда аз 10 000 мебошад, дохил мешавад. Аз ин рў андозаи молекулаи онњо хело калон мебошад.

Хосияти пайвастањои калонмолекула ва мањлулњои онњо аз табиати пайдоиш (ё таркиби кимиёвї), аз андоза ва шакли молекулањо вобастагї дорад.

Пайвастањои калонмолекулаи табии дар равандњои фаъолияти њаётї роли муњимро мебозанд.

Онњо дар организми зинда функсияњои гуногунро иљро мекунанд:

-сарчашмаи хўрока барои одам ва њайвонот; -маводњои сохтмонї (мушакњо, венањо, рагњо ва ѓ.); -онњо функсияи наќлиётиро (гемоглобин) иљро

мекунанд; -кислотањои нуклеинї дар равандњои гузарондани

ахбори ирсї ва биосинтези сафедањо иштирок мекунанд;

-ферментњо дар протсессњои гуногуни биокимиёвї иштирок намуда, роли катализаторро мебозанд; -бисёрии сафедањо компоненти системањои

сироятнопазирї мебошанд.

Таснифи пайвастањои калонмолекула (ПКМ)

Пайвастањои калонмолекула бо ду аломат тасниф мешаванд:

1. Аз рўи табиати пайдоиш.

Аз рўи сохти молекула.

Аз рўи табиати пайдоиш пайвастањои калонмолекула ба се гурўњ људо мешаванд:

а) Полимерњои табии онњо дар организми одам, њайвонот ва растанињо њосил мешаванд. Ба онњо крахмал, селлюлоза, гликоген, кислотањои нуклеинї, сафедањо ва ѓайра дохил мешаванд.

б) Полимерњои натуралї онњо дар натиљаи коркарди кимиёвии полимерњои табии њосил мешаванд. Ба онњо атсетатњо, нитратњо, ксантогенатњо ва њосилањои дигари селлюлоза дохил мешаванд.

в)Полимерњои синтетикї дар натиљаи полимеризат- сия ва поликонденсатсияи пайвастањои хурдмолекула њосил мешаванд. Ба онњо полиэтилен, полипропилен, полистирол, капрон ва ѓайра дохил мешаванд.

Аз рўи сохти макромолекула полимерњои хаттї, шоханок ва дўхташуда мављуд аст.

Монандии ва фарќияти мањлулњои пайвастањои калонмолекула бо мањлулњои коллоидї

1. Барои мањлулњои полимерњо ва мањлулњои коллоидї њаракати броунї хос аст, аз ин сабаб онњо устуворанд.

2. Дар мањлулњои пайвастањои калонмолекула ва мањлулњои коллоидї суръати диффузия кам аст.

3. Ин мањлулњо њангоми консентратсияи баланд, фишорї осмосии паст доранд.

4. Мањлулњои пайвастањои калонмолекула, њамчун мањлулњои коллоидї рўшноиро пароканда (конуси Тиндал) мекунанд.

5. Дар ин мањлулњо равандњои физикавию- химиявї хело суст мегузаранд.

6. Барои ин мањлулњо аз таъсири омилњои беруна, њодисаи дурдабандї ва пептизатсия хос аст.

7. Молекулањои пайвастањои калон молекула аз пардаи нимгузар ва ултрофилтирњо намегузаранд.

8. Андозаи заррачањо дар ин мањлулњо ба 10-6-10-7см баробар аст.

Ѓайр аз ин якчанд намуди фарќият байни мањлулњои пайвастањои калонмолекула ва мањлулњои коллоидї мављуд аст:

1. Дар фарќият аз мањлулњои коллоидї, мањлулњои пайвастањои калонмолекула худ аз худ њосил мешаванд.

2. Аз љињати термодинамикї мањлулњои пайвастањои калонмолекула аз мањлулњои коллоидї устувортаранд.

3. Дар мањлулњои пайвастањои калонмолекула фарќи байни фаза ва муњит дида намешавад, вале дар мањлулњои коллоидї вуљуд дорад.

4. Дар ин мањлулњо протсессњои гуногун баргарданда аст, дар системањои лиофобї ин протсессњо барнагарданда мебошанд.

5. Мањлулњои пайвастањои калонмолекула системаи лиофилї мебошанд.

6. Барои мањлулњои пайвастањои калонмолекула њодисаи варамкунї хос аст, ки дар натиља мањлул њосил мешавад.

Варамкунї ва њалшавандагии пайвастањои калонмолекула (ПКМ)

Маълум аст, ки пайвастањои калонмолекула худ аз худ њосил мешаванд. Њалшавии ин пайвастањо њама ваќт дар протсесси варамкунї рўй медињад.

Механизми њодисаи варамкунї асосан ба протсессе, ки дар система мегузарад, алоќаманд аст. Протсесси якум ин намаккунї ё ки њалшавии парда аз таъсири молекулаи њалкунанда дар сатњи пайвастаи калонмолекула иборат аст. Протсесси дуюм ин таќсимкунии молекулаи њалкунанда дар полимер мебошад. Дар маќсад протсесси њалшавии пайвастањои калонмолекула ба чор зина људо мешавад:

Дар зинаи якум система аз њалкунанда ва полимери сахт иборат аст.

Аз таъсири њаракати гармии молекулањои њалкунанда бо ќувваи кашиш байни молекулањои полимер ва њалкунанда, воридшавии молекулањои њалкунанда ба таркиби полимер мушоњида мешавад. Дар натиља њаљми полимер зиёд мешавад, ин

Омилњои устуворї ва дурдабандии мањлулњои пайвастањои калонмолекула ва сафедањо

Сафедањо дар протсессњои фаъолияти њаётї роли асосиро мебозанд, борои њамин дар ин ќисмат маводњо доир ба сафеда бахшида шудааст.

Дар мањлулњои обї гурўњњои гуногуни гидрофилии сафедањо (-NH2, -СООН, -OH, -SH, -CONH-) майдони электрикї њосил меунанд, ки дар атрофии он молекулаи об дар сатњи молекулаи сафеда ва дигар пайвастањои калонмолекула ќабати гидрофилї њосил мекунад. Аз молекулаи ќутби манфї ва ќутби мусбат сохта шудааст.

Дар натиљаи ин дар мањлулњои сафедањо ва дигар полимерњои гидрофилї микдори обе, ки бо онњо пайваст аст, ва молекулаи обе, ки роли системаи дисперсиро мебозад, миссела љойгир аст.

Омўзиши олимони гуногун нишон медињад, ки оби пайвастшуда дар мањлули сафедањо ва дигар пайвастањои калонмолекула хосияти ѓайримуќаррарї дорад. Мисол, зичии оби пайвастшуда дар сатњи полимерњои гуногун аз 1,3 то 2,4 г/см3 таѓйир меёбад, доимии диэлектрикї ќимати 2,2 ба љои 81 дорад. Дар натиља оби пайвастшуда ќобиляти њалкунандагї надорад.

Барои мањлулњои пайвастањои калонмолекула ду

омили устуворї хос аст:

Молекулаи пайвастањои калонмолекула дорои заряд.

Пайвастањои калонмолекула ќабати гидратї доранд.

Дурдабандии (коагулясия) мањлулњои сафедањо Агар дар мањлулњои сафедањо ва пайвастањои

калонмолекула омилњои устуворї бартараф карда шавад, протсесси ба њам пайваст ва тањшин шудани молекулањои полимерњо дида мешавад, ки онро њодисаи дурдабандї меноманд.

Протсесси дурдабандї мањлулњои сафедањо ва

пайвастањои колонмолекуларо дар схемаи Кройт дидан

мумкин аст.

спирт

Њолати изоэлектрикии сафеда гуфта, њолати молекулаи сафедаро дар мањлул меноманд, ки дар он суммаи заряди молекула баробари нол бошад. Дар ин њолат молекулаи сафеда миќдори баробари гурўњњои мусбат (+) ва манфї (-) заряднок доранд.

Нуќтаи изоэлектрикї сафеда гуфта, ќимати рН-и мањлулро меноманд, ки дар њолати изоэлектрикї мављуд бошад. Нуќтаи изоэлектрикї бо pJ ишора карда мешавад.

Дар нуќтаи изоэлектрикї, сафедањо њалшавандагии хурдтарин, ќимати варамкунии минималї ва суръати желатинонии максималї доранд. Ба ѓайр аз ин сафеда дар нуќтаи изоэлектрикї њангоми электрофорез бењаракат мебошад.

Нуќтаи изоэлектрикии сафедањо бо роњи таљрибавї муайян карда мешавад. Якчанд усулњои муайян кардани нуќтаи изоэлектрикии сафедањо мављуд аст:

1.Усули электрофорез 2.Муайян кардани нуќтаи изоэлектрикї аз рўи дараљаи

дурдабандии сафедањо 3.Муайян кардани нуќтаи изоэлектрикии сафеда аз

рўи суръати желатинонї